Ҳамкориҳои судманди Донишкадаи технология ва менеҷменти ииноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тайи солҳои 2009-2017 бо донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар

 12.02.2018, 15:04:22     25


Донишкадаи технология ва менеҷменти ииноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханрониашон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22.12.2017 ироа гардид бармеоянд, дар самти тайёр намудани мутахассисони болаёқати соҳаҳои техникию технологӣ солҳои охир доираи ҳамкориҳои илмӣ – фарҳангии байналхалқии худро хело густариш дод. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (ДТМИК) аз соли 2009 то ҳозир бо чунин донишгоҳҳои хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси он зиёда аз 1000 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои зерин таҳсил карда истодаанд: 1. Донишгоҳи давлатии Иваново, ФР; 2. Донишгоҳи давлатии техникии Ярослав, ФР; 3. Донишгоҳи давлатии химико-технологии Иваново, ФР. 4. Академияи давлатии кишоварзии Иваново, ФР ба номи ак. Д.К.Беляев; 5. Академияи давлатии кишоварзии Кострома, ФР; 6. Академияи давлатии нассоҷии Иваново, ФР; 7. Донишгоҳи давлатии технологии Кострома, ФР; 8. Донишгоҳи техникии Орёл, ФР; 9. Донишгоҳи давлатии индустриалии Москва, ФР. 10. Донишгоҳи давлатии технологӣ-муҳандисии Воронежи ФР; 11. Донишгоҳи давлатии кишоварзии Санкт-Петербурги ФР; 12. Донишгоҳи давлатии технология ва идораи Москваи ФР; 13. Академияи давлатии ширию кишоварзии Вологдаи ФР; 14. Донишгоҳи Федеролии Қафқози Шимолии ФР; 15. Донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ, механика ва оптикаи Санкт Петербург; 16. Донишгоҳи давлатии технологии Повольжеи ФР; 17. Донишгоҳи давлатии техникии Брянски ФР; 18. Донишгоҳи давлатии техникӣ ҳавонавардии Рибински ФР ба номи П. А. Соловьев; 19. Донишгоҳи давлатии кишоварзии Приморье ФР; 20. Академияи давлатии кишоварзии Ярославли ФР; 21. Донишгоҳи давлатии техникии Нижний Новгороди ФР; 22. Академияи давлатии кишоварзии Пермь ба номи Д. Н. Прянишниковаи ФР; 23. Академияи давлатии тиббии Осетияи Шимолӣ; 24. Донишгоҳи давлатии забоншиносии Пятигорски ФР; 25. Донишгоҳи давлатии техникии Комсомолски лаби Амур ФР; Оид ба тайёр намудани мутахассисон барои мамолики хориҷи дур (донишҷӯён, коромӯзон, аспирантон, докторантон) Донишкада сол то сол доираи ҳамкориҳои худро вусъат тоза бахшида истодааст. Ҳамкории Донишкада бо хазинаҳои байналхалқӣ оид ба такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳия ва чопи китобҳо, маводҳои таълимӣ, дастрас намудани адабиётҳои таълимӣ ва техникаи ҳозиразамон ҳам амалӣ гаштааст. Соли таҳсили 2017-2018 Донишкада бо як қатор марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ФР шартномаҳои ҳамкориро бо фарогирии шаш самти асосӣ: 1. Тайёр намудани мутахассисони касбии ракобатпазир барои Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ; 3. Бурдани корҳои якҷояи илмӣ-татқиқотӣ: Шоев А.Н.(ДТМИК) – Суслов А.Д.(Москва); Усмонов С.(ДТМИК) – Камакин В.А.(Рыбинск); Курбонов Б. (ДТМИК) – Битус Е.И.(Москва); Ахророва С.(ДТМИК) – Кутина О.И.(Москва) 4. Таҳияи 10 адад лоиҳаҳои якҷояи илмӣ-инноватсионӣ ва дипломӣ; 5. Кушодани 2 ихтисосҳои муштарак; 6. Таҳия ва чопи якҷояи 10 адад китобҳои дарсии тахассусӣ дар якҷоягӣ бо олимони донишгоҳҳои ҳамкор. Аз соли 2009 то инҷониб дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи ИМА дар ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меморандиуми тарафайн дар ДТМИК «Гӯшаи Амрико», фаъолият менамояд. Ҳамкориҳои тарафайн дар чаҳорчӯбаи қонун ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда грантҳо пешниҳод карда шудаанд. Инчунин дар асоси ин ба ДТМИК ба таври ройгон истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва Интернет кӯмаки башардӯстона расонида шуда истодааст. Ба мисли зиёда аз 25 адад компютер, проектор, принтер ва инчунин китобхона, ки адабиётҳояш ба забони англисӣ мебошанд, ки теъдодашон ба 6000 адад мерасад. Инчунин ба китобхонаи донишкада 331 адад китобҳои таълимӣ ба фанхои тахасусӣ кӯмак расонд. Истифода аз китобхона ва интернет нафақат барои донишҷӯёни донишкада, балки барои ҷомеа низ ройгон аст. Барои таҳсил дар хориҷи кишвар барномаҳои маърифатие, ки барои хонандагони мактабҳои миёна FLEX, барои донишҷӯёни макотиби олӣ UGRAD, барои омӯзгорони мактабҳои миёна барномаи TEA ва барои муаллимони мактабҳои олӣ JFDP пешниҳод шуда истодаанд. Дар ҳамкорӣ бо Сафроратхонаи Амрико устодони донишкада Нозимов Ҳ. Ба аёлати Калифорнияи ИМА дар соли 2013 ва Шарипов А. дар соли 2014 ба ёлати Нью Йорки ИМА сафарҳои хизматӣ анҷом доданд. Давоми 3 сол хатмкадагони донишгоҳҳои олии ИМА дар донишкада маҳфилҳои забони англисӣ мегузарониданд.