ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ - ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 33- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ - ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 33- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Истиқлолият барои кишвари азиз мо нишонаи барҷастаи пойдевори давлат, рамзи асолату ҳувият, бақои миллат, мазҳару идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар доираи истиқбол аз 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 05.09.2024 дар ҳамбастаги бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзуи «НАҚШИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, сармутахассиси Раёсати суди вилояти Хатлон Шамсзода Зикриё, олимону, устодон,омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Кори конференсияро ректори донишкада муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот оғоз бахшида ҳозиринро ба 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта иқболи нек, рузгори пур саодат, саодатмандӣ орзу намуд. Дар идомаи баромади хеш аз дастоварҳои соҳибистиқлолии кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз дастовардҳои донишкада дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар гардида ҳамаи он мувафақиятҳову дастовардҳоро самараи истиқлолият номид.
Инчунин Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон дар ҳошияи ин ҷашни муқаддаси таърихӣ, заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда ҳозиринро ба ин муносибат табрик гуфтанд.
Дар кори кори конференсия доктори илмҳои сиёсӣ Назарзода Пиралӣ дар мавзуи «Сабақи истиқлолият ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон», Иброҳимов Гурез номзади илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва ташаккули илму маорифи кишвар», Ҳакимов Искандар доктор PhD ноиби ректор оид ба инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва ташаккули моликияти зеҳнӣ», Асоев Баҳодур Хайриддинович номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи «Ташаккул ва рушди энергияи сабз дар даврони соҳибистиқлолӣ», бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар идомаи чорабини як қатор омӯзгорон бо туҳфа ифтихорнома ва сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, раёсати донишкада барои меҳнати пурмаҳсул, саҳмгузори дар корҳои бунёдкориву созандагӣ, дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.