Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар Кӯлоб бо якчанд муассисаи олии ҷаҳон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расони
Май 8, 2024 10:50
ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, доктори илмҳои техникӣ Алмосшо Шоҳиён бо муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла Олмон, Латвия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Эстония ва Эрон якчанд шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Ин созишномаҳо зимни баргузории Форуми якуми байналмилалии ректорони ҷаҳон ва конференсияи байналмилалии «Мушкилоти таҷрибавӣ ва ҳалли онҳо», ки 6 — 8 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, имзо шуданд.
Зимни амалисозии созишномаҳои тарафайн масъалаҳои марбут ба самтҳои омода намудани мутахассисони баландпоя дар самти сохтмон, энергетика, зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти рақамӣ, ҳамкории нави байналмилалӣ, баргузории даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, омӯзиши таҷрибаи пешқадами таълимӣ, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили онлайн-дарсҳо мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.