КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ ДАР СОЛИ 2023 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 202

 24.04.2024, 10:26:29     198


 Санаи 20.04.2024 дар толори маҷлисгоҳи донишкада бо иштироки роҳбарият омӯзгорону донишҷӯён  конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба ҷамъбасти корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 - бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», эълон гардидани Солҳои 2020-2040 ҳамчун 20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф,  Солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Амалишавии Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва  эълон намудани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Кори конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Сипас муовини ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т Исоев Собир баромад намуда ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид. Зимни баромади хеш доир ба натиҷаи раванди корњои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2023 дар донишкада ҳисобот дод.

Тибқи барнома баромадҳои зерин шунида шуданд:

  1. Научный доклад -Диаграммы состояния двойных и тройных сплавов на основе цинка и алюминия, доктори илмҳои техникӣ, профессор ОБИДОВ ЗИЁДУЛЛО РАҲМАТОВИЧ;
  2. Маърӯзаи илмӣ - Ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа, омили муҳими устувории давлати миллӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор НАЗАРЗОДА ПИРАЛӢ САФАР;
  3. Маърӯзаи илмӣ -Татбиқи стратегияи милли «Зеҳнӣ сунъӣ» – дар истеҳсолоти ресандагӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент ҚУРБОНЗОДА БОБОХОН ДАВЛАТ;

4.Научный доклад - Физико-химия цинк алюминиевых сплавов нового поколения, доктор PhD  аз рӯи ихтисос ҲАКИМОВ ИСКАНДАР БОЗОРОВИЧ;

  1. Маърӯзаи илмӣ -Тероризм ва экстремизм хатар ба ҷомеаи ҷаҳон ва мубориза ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, и.в. дотсент ХОЛМАТОВА МУМИНА МАҲМАДОВНА;
  2. Маърӯзаи илмӣ –Арзёбии иқтисодии саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳошияи барномаи рушди саноат, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент АСОЕВ БАҲОДУР ХАЙРИДДИНОВИЧ;
  3. Научный доклад - Роль и статус русского языка как средства межнационального общения в Республике Таджикистан, номзади илмҳои педагогӣ НАЗАРОВА РУХШОНА ТАҒАЙМУРОДОВНА.

Баъд аз баромади баромадкунандагон муҳокимаҳо ва ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳии конференсия сурат гирифт.

Кори конференсия дар 9 бахш идома ёфт.

бедруд

оопрпе

ыы