20 май – Рӯзи Дави миллӣ
Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар маркази шахри Кӯлоб, 20-уми майи соли 2018-ум, соати 9:00 дави миллӣ доир гардид.
Дар дави имрӯза 1700 нафар иштироккунандагон дар ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён аз донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, фаъолона ширкат варзиданд.Ба ғолибону ширкаткунандагони фаъоли пойга тӯҳфаҳои кумитаҳои тадорукоти рӯзи дави миллӣ аз тарафи муовини раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарама Кенҷамо Маҷидова супурда шуданд.