ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Модар ягона мавҷудоти мушвиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву некукорӣ ва инсондустиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 07.03.2024 дар толори фарҳангии донишкада бахшида ба 8 - март Рӯзи модар бо иштироки муовинони ректор оид ба таълим, илм, тарбия занону бонувони чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ дар мавзуи "Сад ҷону дил фидои як муддаои модар" баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т. Исоев Собир оғоз бахшида ҳозиринро ба Иди модар табрику шодбош гуфта иброз доштанд ки модар ҳаёт, рушноӣ, умед, бахт, беҳтарини беҳтаринҳост. Модар ин офтоб аст, офтоби қалби мо, ки нурҳои гарми меҳраш дили яхбастаи фарзандро об мекунад.
Баъд аз баромади суханронии роҳбарият Одинаева Фарида донишҷӯёни курси дуюм дар ситоиши модар ва нақши бонувони тоҷик дар рушду нумӯи имрӯза суханрони намуда воқеъан, модар нотакрорию беҳамто! Агар амиқу дақиқ андеша намоем, пай мебарем ягона инсоне, ки дар рӯйи олам аз самими қалб бо ишқу муҳаббати хос моро дӯст медораду навозишаш ҳақиқист, ин модар аст.
Баъд аз баромади баромадкунандагон барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ омоданамудаи донишҷӯён ва бахши фарҳанги донишкада пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабини як қатор донишҷӯдухтарони донишкада барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ - сиёсӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.