МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
1 - марти соли ҷорӣ дар толори барҳавои Донишкадаи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканд маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Леваканд Муминзода Мастура, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода ҷавонони фаъол, ихтирооткору, навоварон, варзишгарон, олимони ҷавонон ва дигар масъулони соҳаи ҷавонон баргузор гардид. Дар ин маросими бошукуҳ Шарипов Рустам - аз руи номинатсияи "Беҳтарин роҳбари шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди вилояти Хатлон дар соли 2023", Сураёи Тоирхон донишҷӯи донишкада аз руи номинатсияи "Беҳтарин донишҷӯдухтари соли 2023" бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати кор бо ҷавонон варзиши вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар маросими ҷоизасупорӣ бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди вилоят, марказҳои ҷавонон, олимону ихтирокорон, волонтёрон бо диплому туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангии аҳли ҳунар ҷамъбаст гардид.