РОБИТАИ САМАРАБАХШИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ДАР РАВАНДИ ИСТИФОДАИ ВАСЕИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР АСОСИ РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ ВА ТЕХНОЛОГИИ ИСТЕҲСОЛОТИ КИШВАР

 29.02.2024, 14:17:16     301


Дар ҳошияи амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва 20 - солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2024 санаи 28.02.2024 дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ дар мавзуи « Робитаи самарабахши илм бо истеҳсолот дар раванди истифодаи васеи технологияҳои муосир асоси рушди инноватсионӣ ва технологии истеҳсолоти кишвар» баргузор гардид.

Дар кори конференсия ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён А. Н. муовинони ректор оид ба таълим, илм ва татбиқот, равобити хориҷӣ, тарбия, олимону   донишмандони кишвар ва Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ иштирок намуда бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия ректори донишкада Шоҳиён Алмосшо Набот доктори илмҳои техникӣ, профессор дар ҳошияи амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, робитаи илм бо истеҳсолот суханрони намуда сипас Обидов Зиёдулло д.и.т, профессор дар мавзуи «Кинетикаи оксидшавӣ ва рафтори анодии хӯлаи Zn0. 5A1, ки бо металҳои ишқории замин омехта шудаанд», Ҳакимов Искандар доктор PhD - ноиби ректор оид ба инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷии ДТМИК дар мавзуи «Таҳсилоти дуалӣ: мушкилот ва дурнамои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қурбонзода Бобохон  н.и.т., ноиби ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти ДТМИК дар мавзуи «Самаранокии татбиқи зеҳни сунъӣ дар истеҳсолоти ресандагӣ», Исоев Собир н.и.т ноиби ректор оид ба илм ва татбиқоти ДТМИК дар мавзуи «Методологияи таърихии саноаткунонии Тоҷикистон то оғози ҷанги якуми ҷаҳон (1941) маърӯзаҳои илмӣ намуданд».

Лозим ба ёдоварист, ки кори конференсияи мазкур дар ду бахш ду рӯз идома меёбад.

2_4

3_4

4_4