ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 22.02.2024, 22:33:57     343


Санаи 22.02.2024 дар толори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии ҳарбӣ – ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот, ҳомиёни ватан, муовинони ректор, деканони факултет, мудирони кафедраҳо, омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Чорабин бо садо додани суруди миллӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Ректори донишкада Шоҳиён Алмосшо Набот баромад намуда ҳозиринро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта аз таърих ва таъсисёбии ин ниҳоди муҳими кишвар ёдовар гардида қайд намуданд ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар воқеан ҳам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба миён омада буд, зери роҳбарии хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд, ки имрўз ба як нерўи тавоно, кафили сулҳу субот табдил ёфта аст.

Новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол, дар он солҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу майишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамуд.

Дар маҷмуъ, 31 - соли фаъолияи пурмаҳсули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ватани азизамон дорои Артиши қавии миллӣва сарбозону афсарони ҷоннисоре мебошад, ки ҳукумати кишвар ба онҳо эътимоди зиёд дорад. Он руҳияи милливу ватандўстонае, ки роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рўзҳои давлатдорӣ талқин намудаву худ намунаи дурахшони он буданд, имрўз натанҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, балқи тамоми миллати ватандўсти тоҷикро фаро гирифта аст.

Дар идомаи чорабини ҷанговари башардӯст Одинаев Сафар, магистранти курси 2 Зарипов Насимҷон дар ҳошияи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар андешарони намуда чунин андеша намуданд Ҷавонони мо набояд фаромӯш созанд, ки имрӯз ҳифзи марзу буми ватан – Тоҷикистони соҳибистиқлоламон пеш аз ҳама ба зимаи ҷавонмардони далеру шуҷоъ гузошта шуда аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста муроҷиат намуда таъкид медоранд, ки хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кушишу ғайрати шабонарӯзӣ нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Аз ин рӯ, дар шароити ниҳоят муракабу ҳасоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи роҳбари давлат бошем дастгирӣ ҳамдигар бошем.

Лозим ба ёдоварист, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар донишкада мусобиқаи “Шоҳмот ва шашкабози беҳтарин”, “Қувваозмоии дастӣ”, “Вазнбардори беҳтарин” дар байни донишҷӯён доир гардид. Дар ин рӯз ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва медалҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Баъд аз қадрдонии ғолибони мусобиқа ва ҳомиёни Ватан барномаи фарҳангии омоданамудани донишҷӯён пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.

 

428645049_923160612819669_3316702617324776547_n

428641226_923161076152956_4695391701587048619_n