ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ УЛЯНОВСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

 09.02.2024, 11:25:34     249


Санаи 06.02.2024 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Рамоналӣ ба Федератсияи Россия ба Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Уляновски сафари корӣ анҷом доданд. 

Меҳмонро дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Уляновски Федератсияи Россия ректори донишгоҳи мазкур профессор Яружкина Н.Г.ва  муовинони он бо хушнуди  пазируфт. 

Тарафҳо дар рафти мулоқот аз сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ёдовар гардида изҳори қаноатмандӣ намуданд. Инчунин ҳангоми мулоқот масъалаҳои таҳсили донишҷӯён дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура, ташкили онлайн - дарсҳо,  курсҳои омӯзиши барои омӯзгорон, тайёр намудани мутахассисони баланди техникӣ технологӣ, таҳияи китобҳои соҳавӣ, таъсиси марказҳои муштарак, ташкили конференсияҳои муштарак ва дигар масъалаҳои марбут ба раванди таълим, илмӣ мавриди бараси қарор дода шуд. 

Масъалаҳои  мазкур аз тарафи ҳар ду ҷониб бо хушнуди қабул гардид.

Баъд аз мулоқот  ректори Донишкада ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маркази илмӣ - технологии донишгоҳи мазкур дидан намуда баҳои баланд доданд. Инчунин ҳангоми боздид тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки донишҷӯёни донишкадаро барои аз худ намудани илмҳои замонавӣ ва навовариву ихтироъкорӣ ҷалб намоянд, ки бо самимият аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳи мазкур қабул гардид.