ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ТЕХНОЛОГ» ДАР ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИ ҲИЗБӢ ДАР СОЛИ 2023« САЗОВОРИ ҶОЙИ II ГАРДИД!

 22.01.2024, 08:44:30     244


Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти кумитаи иҷроия дар соли 2023 санаи 19.01.2024 натиҷагирӣ карда шуд. 

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Нозимов Талаб, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилону кормандони масъули ҳизбӣ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва васоити ахбори оммаи ҳизбиву давлатӣ иштирок доштанд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

  1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024;
  2. Ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар соли 2024;
  3. Тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои соли 2024;
  4. Тасдиқи нақшаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба роҳандозии Паёми Асосгузори слҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  5. Тасдиқи буҷа ва воҳидҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои соли 2024;
  6. Тағйирот ба ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб;
  7. Масъалаҳои ҷорӣ.

Баъд аз барасии масъалаҳо озмуни "Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2023", ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб байни ташкилотҳои ибтидои роҳандози гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд. Дар ин озмун ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Технолог" - и назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб сазовори ҷой дуюм гардида ба дипломи дараҷаи II ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. 

Роҳбариият ва ҳайати коллективи меҳнатии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати қадрдонӣ ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипос ва минадорӣ баён менамояд. 

Мо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда дар ҳадафҳои дар пеш гузошташудаи Ҳукумати кишвар саҳми арзандаи хешро мегузорем.