ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ТЕХНОЛОГ» -И ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 20.01.2024, 08:04:36     241


Тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд. 

Дар кори ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фируз, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Худоидодова Шарофат аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Сипас роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» Шоҳиён Алмосшо Набот аз фаъолияти пурсамар ва мувафақиятҳои ташкилоти ҳизбӣ ҳисобот дод. 

Баъд аз шунидани ҳисобот муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фируз, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Худоидодова Шарофат дар ҳошияи ҳисоботи роҳбари ташкилот, дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба ташабусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои ободониву бунёдкорӣ суханрони намуданд. 

Дар фарҷоми ҷаласа дар вазъияти тантанавӣ ба аъзоёни нав билети ҳизбӣ супорида шуд.