Faculties / Муштараки тоҷикӣ – россиягӣ
Сафаров Зулфикор
Декани факултети муштараки тоҷикӣ – россиягии технологияҳои дурнамои илмиасос
Факултети Муштараки тоҷикӣ – россиягии технологияҳои дурнамои илмиасос дар асоси Литсензияи таҳти №0001026 аз 26.02.2012 ва дар ҳамоҳангӣ бо стандартҳои давлатии таълимӣ тайёр намудани мутахассисон дар факултет аз рӯи равия ва ихтисосхои зерин сурат мегирад:
Мутобиқи низоми кредитии таҳсил (бакалавриат):
- 1- 260102 – Идораи давлат ва ҳуқуқ;
- 1- 26020203 – Менеҷменти инноватсионӣ;
- 1- 26010109 – Идораи лоиҳаи инветитсионӣ;
- 1 – 31050103 – Химия «Фаъолияти дорусозӣ»;
- 1 – 3101010121 – Биохимияи тиббӣ
- 1- 48020102 – Технологияи таркиби доруворӣ, витаминҳо ва ферментҳо;
- 1 – 54010105 - Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия;
- 1 – 38020203 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ;
- 1 – 360101 – Технологияи мошинсозӣ;
- 1 – 50020102 – Технологияи маҳсулоти чарчинворӣ;
Факултет кафедраҳои зерини тахассусии ДТМИК-ро муттаҳид месозад:
- Кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ;
- Кафедраи мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ;
- Кафедраи биохимияи тиббӣ ва технологияи дорусозӣ;
Дар соли таҳсили 2022 – 2023 шумораи донишҷӯёни факултет 491 нафарро ташкил медиҳад. Аз 60 нафар омӯзгороне, ки дар факултет ба дарсомӯзии донишҷӯён машғуланд, 29 нафарашонро омӯзгорони штатӣ ташкил медиҳанд, ки 16%-и онҳо дорои унвонҳои илмӣ мебошанд.
ҲАЙЪАТИ КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОҶИКӢ - РОССИЯГӢ
|
Сафаров Зулфикор Декани Факултети Муштараки тоҷикӣ Ихтисос: Барномасоз Кадом забони хориҷиро медонад: руссӣ, англисӣ. Фазои илмӣ: 13.00.08 – “Назария ва методикаи таълими касбӣ” (илмҳои педагогӣ) |
Устоев Фурқат Азратқулович. ҷонишини декан оид ба таълими факултети факултети муштараки тоҷикӣ Ихтисос: муҳандис – технолог. Дараҷаи илмӣ: надорад. Унвони илм: надорад. Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисро бо луғат. Фазои илмӣ: Проблемаи иқтисодии стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулотҳои консервашуда аз растаниҳои хушбуйкунанда дар ҳошияи таъмини бехатарии озуқаворӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон. |
|
Шарипова Розиямо Саидхоҷаевна ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети факултети муштараки тоҷикӣ Ихтисос:менеҷменти молиявӣ Дараҷаи илмӣ: надорад. Унвони илм: надорад. Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисро бо луғат. Фазои илмӣ: |
Faculties