03.10.2024, 11:36:54
109
Бо мақсади таҷлил аз ҷашни пуршукӯҳи миллат 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи тақвимии лоиҳаи илмӣ-фармоишӣ дар мавзуи «Таҳқиқи проблемаҳо ва захираҳои соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби омӯзгорони кафедраи иқтисод ва идораи Донишкадаи технолония ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст, дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи 6 сентябр дар қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон: Сайёҳӣ ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ» бо доираи васеъи роҳбарон, коршиносон ва мутахассисону донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми риштаи сайёҳии Донишкадаи технолония ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.