Отдел мониторинга и управления контроля за качеством образования
Шуъбаи назорати сифати таҳсилот фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии олии касбӣ (мактабҳои олӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оиномаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб”, “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар ДТМИК” ба роҳ мемонад.
Идоракунии сифати таҳсилот ин таҳия ва татбиқи чунин маҷмӯи чорабиниҳост, ки имконият фароҳам меоварад то ба таври самаранок хизматрасониҳои таълимӣ ба сатҳи сифатнокии дониш ба дараҷаи баланд расонида шавад ва мувофиқати натиҷаҳои таҳсилотро бо талаботи истифодабарандагони он таъмин созад. Дар Шуъбаи назорати сифати таҳсилот сардор Саидзода Р.А. нозирон Одинаев Сафар, Шарипов Навҷавон кору фаъолият менамоянд.
Шуъба сифати таҳсилот дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб сифати таҳсилоти донишкада барои мунтазам гузаронидани санҷиш ва назоратҳо оид ба баланд гардонидани сифати таҳсилот дар фаъолияти кории шуъба иҷроиши масъалаҳои асосии зеринро ба нақша мегирад.
Вазифаҳои Шуъбаи назорати сифати таҳсилот:
- Бо мақсади санҷиш ва баҳодиҳии сифати таҳсилот дар донишкада тибқи нақшаи корӣ чорабиниҳо мегузаронад.
- Донишкадаро бо дастурҳои иттилоотии технологӣ ҷиҳати амалӣ намудани тартиби назорат ва баҳодиҳӣ таъмин менамояд.
- Оид ба вазъи санҷиш ва таҳлили сифати таҳсилот дар кафедраҳо ва факултетҳои донишкада гурӯҳи корӣ ташкил мекунад.
- Роҷеъ ба рафти иҷрои қарорҳои Шурои олимон ва раёсати донишкада назорат мебарад.
- Доир ба вазъи иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва сарбориву нақшаҳои инфиродии омӯзгорони кафедраҳо санҷиш мегузаронад.
- Дар кори аттестатсияи донишҷӯёни хатмкунанда ва муайян намудани сатҳи дониши назарявию амалии онҳо иштирок менамоянд, тавсияҳо медиҳанд ва таклифҳо пешниҳод мекунанд.
- Дар бобати сатҳи тахассусии омӯзгорон ва мувофиқати онҳо ба вазифаашон ба унвони раёсати донишкада якҷоя бо раёсати таълим маълумотнома ирсол менамояд.
- Вобаста ба натиҷаи назоратҳои гузаронидашуда, дар бобати ҳавастмандгардонии устодон ва фаъолияти онҳо хулосаҳои худро ба унвони Ректори донишкада ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодони донишкада манзур менамояд.
- Ҷараёни таҷрибаи омӯзгорӣ ва фаъолияти методистону донишҷӯёнро дар рафти таҷрибаомӯзӣ зери назорат мегирад.
- Оид ба иҷрои нақшаҳои кории илмӣ- тадқиқотии факултаҳо санҷиш мегузаронад.
- Вобаста ба сифати кори устодон, малакаюмаҳорати касбии онҳо аз нигоҳи донишҷӯён анкета (пурсишнома) мегузаронад.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОН
Саидзода Рамазон Вазифа – сардори шуъба Дараҷаи илмӣ – надорад Унвони илмӣ - надорад. Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ |
Суроға: ш. Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, бинои мактаби илмӣ утоқи рақами 4, Шӯъбаи мониторинг ва идоракунии назорати сифат таҳсилот
Телефон: +992
E-mail: saidzoda89@bk.ru