ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДОНИШКАДА САЗОВОРИ ҶОЙИ II ГАРДИДАНД!

 22.10.2024, 14:53:01     128


Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо раисони вилоятҳо ва масъулини соҳаи варзиш санаи 03 ноябри соли 2024 дошта буданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии вилоят санаи 15.10.2024 баргузор гардид. Фестивал аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида шуд.

Дар фестивали мазкур дастаи варзишгарони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Дастаи футболбозони донишкада дар ин мусобиқа дар даври финали бо дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бози намуда сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

рекрекрекр

ываываы