Маҷалаи илмии «Техника ва технологияи асри XXI»


ТАЪРИХИ МАҶАЛЛА

ТАЪРИХИ МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ 

“ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ АСРИ XXI”

 

Маҷаллаи илмии «Илм ва технологияи асри XXI» соли 2020 бо ибтикори собиқ директори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ниёзӣ Акбар Меҳридил таъсис ёфта, шумораи нахустини он ҳамон сол  ба табъ расидааст.

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда, тибқи талабот ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Маҷаллаи илмии «Илм ва технологияи асри XXI» дар маркази «Рақами стандартонии байналмилмилалии силсилавӣ (ISSN)» ба қайд гирифта шуда, бо китобхонаи илмии электронии Федератсияи Россия (elibrary.ru) шартномаи дуҷониба дошта, дар Индекси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид карда шудааст. Муштариёни маҷаллаи мазкур: олимону омӯзгорон, докторантони PhD аз рӯи ихтисос, унвонҷӯён, магистрантон, донишҷӯён, ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон мутахассисон, дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз рӯзи таъсис инҷониб соле аз 2 то 4 шумора нашр мешавад. То имрӯз 8 шуморааш дастраси хонандагон гардидааст.

 

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОРИИ МАҶАЛЛА

Мақсади маҷаллаи илмӣ ин инъикоси ҳаёти илмиву фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва тарғибу нашри дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии олимон, омӯзгорон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни ватанию хориҷӣ мебошад.

Вазифаҳои кории маҷалла:

  • риояи Оиннома;
  • шиносоӣ бо дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии олимон, омӯзгорон, докторантони PhD аз рӯи ихтисос, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни ватанию хориҷӣ новобаста ба соҳаи фаъолият;
  • таъмини сифати баланди маводи дорои аҳамияти назариявӣ – амалӣ ва нашри онҳо дар маҷалла;
  • пешниҳоди ҳисоботу маълумотномаҳо ҷиҳати вусъатдиҳии ҳамкориҳо ва пешбурди фаъолият.

Маҷалла аз ибтидоӣ фаъолият зери назари сармуҳаррирон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Кобулиев Зайналобуддин (2020-2021) ва аз соли 2022 инҷониб зери назари доктори илмҳои техникӣ, профессор, Обидов Зиёдулло Раҳматуллоевич  ба табъу нашри шумораҳо машғул аст.

Ҳамаи мақолаҳои илмии нашршаванда мувофиқи талаботи қабули мақолаҳо ба маҷалла дорои фишурда (бо забони русӣ ва англисӣ), калидвожа (бо забони русӣ ва англисӣ), маълумот дар бораи муаллиф (бо забони русӣ ва англисӣ), рӯйхати адабиёт, дастгоҳи мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла пешниҳодшуда тартиб дода шудаанд.

Маҷаллаи илмии «Илм ва технологияи асри XXI» дар асоси қоидаҳои таҳияи феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раёсати КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017, №1/2 тасдиқ гардидааст, такмил додашуда, вобаста ба соҳаҳои илм: 13.00.01 – Илмҳои педагогӣ, 05.00.00 – Илмҳои техникӣ, 08.00.00 – Илмҳои иӯтисодӣ дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб барои нашр таҳия мегардад.