Раёсати илм ва тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ


Раёсати илм ва тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ

Раёсати илм ва тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ  сохтори Донишкадаи технология ва менељменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб буда, ташкил ва  гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотиро дар донишкада ба танзим медарорад.

Мақсади асосии фаъолияти раёсат дар донишщкада ин  ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, маҳсуб меёбад.

Раёсат фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи раёсати илм ва тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии донишкада, Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, фармоишҳои ректори донишкада, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва татбиқот ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.

Вазифаи асосии Раёсати илм ва тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ  аз инҳо иборат аст:

  • муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (PhD), докторантҳо, магистрантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
  • ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
  • таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;
  • тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
  • таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
  • назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
  • ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили табъу нашри маҷмӯаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти Шурои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
  • танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (PhD), докторантҳо ва унвонҷӯён.

 

Ҳайати кормандони Раёсат

Боқиев Рузибек

номзади илмҳои таърих, сардори раёсати илм ва тайёр намудани  кадрҳои илмӣ-педагогӣ

Тел: (992) 988-86-86-49

E-mail: rbakiev58@mail.ru

 

 

Қосимов Манаим

Нозири татбиқи лоиҳаҳо

985-42-63-77

manaim.kosimov@mail.ru

 

Ҷурахони Исмоил

нозири Раёсати илм

Тел: (992) 985-44-44-31

E-mail: jurakhon4431@gmail.com

 

 

Раҳимова Ҳусния

роҳбари магистратура ва докторантура (PhD)

Тел: (992) 987-78-78-00

E-mail: husia.95@mail.ru