Хобгоҳи донишҷӯён
Донишкадаи техналогия ва менеҷменти инаватсиони дар шаҳри Кӯлоб дорои хобгоҳи донишҷӯён буда аз 59 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 255 ҷойи хоб иборат мебошад. Донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд аз 4 факултет ва магистратура;
Бо мақсади ба танзим даровардани тартибу интизом, пешгирӣ намудани ҳаргуна амалҳои номатлуб ва ношоиста дар бинои хобгоҳи донишҷӯён аз ҳисоби Раёсати тарбия як намоянда, муррабии хобгоҳ кору фаъолият менамояд, ки мунтазам аз ҳолу аҳволи донишҷӯён бохабар мебошанд.
Бо назардошти муфид гузаронидани лаҳзаҳои фароғатӣ ва донишандозӣ, инчунин ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯёни хобгоҳ дар ошёнаи якуми хобгоҳ китобхонае бо 12-адад компютер гузошта шудааст, ки донишҷӯён аз соати 1800 то соати 2200 дарсҳояшонро омода менамоянд.
Хобгоҳ бо шабакаи интернети пайваст мебошад, ки донишҷӯён сари вақт маводҳои илмию-таълимӣ худро дастрас менамоянд. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ ва ба танзим даровардани тартибу интизом ва пешгири намудани ҳаргуна зуҳуротҳои номатлуб дар хобгоҳ аз оғози соли таҳсил аз тарафи кормандони Раёсати тарбия ва намояндагони садорати факултетҳо мунтазам санҷишҳо гузаронида мешавад.
Дар ҳар як ошёнаи хобгоҳ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол сардорони ошёна интихоб гардидааст, ки ҳар шабона пеш аз соати оромӣ донишҷӯёнро ҳозирғоиб менамоянд, тозагӣ ва оромиро дар ошёнаҳо таҳти назорат мегиранд.