Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 06.12.2017, 14:31:58     2490


Оиди дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» дар  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.

Дар  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оиди дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» нақшаи чорабиниҳо таҳия ва аз ҷониби директор аз 30 августи соли 2017 тасдиқ карда шуд. Чунин чорабиниҳо то санаи 15 ноябри соли 2017 гузаронида шудаанд:

- Ташкил ва тасдиқи комиссияи доимамалкунандаи  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.

- Раёсати  Донишкада вохуриҳо бо омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён  дар санаи 6 сентябри соли 2017 ва  16 октябри соли 2017  оиди дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» гузаронид.

- Вохӯрӣ бо донишҷӯён ва ба анҷом расонидани корҳои фаҳмондадиҳи дар факултетҳои Донишкада аз тарафи маъмурияти деканатҳо ва  кураторони гурӯҳҳо дар машѓулиятҳои тарбиявӣ ҳар ҳафта гузаронида мешаванд.

- Дарсҳои тарбиявӣ дар ҳар як гуруҳи таълимии факултаҳо дар мавзӯҳҳои «Дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» вазифаи муқаддаси ҳар фарди тоҷик», «Дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» асоси пешравии зиндагии мардуми тоҷик»  гузаронида шуданд.

- Вохӯрии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада бо   намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла; Имомзода Р.Х. – прокурори шаҳри Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи якум, Фаттоҳзода А.А. – подполковники милитсия, муовини сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оиди гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб,  Солеҳзода А. - подполковники милитсия, муовини аввали сардори ШВКД шаҳри Кӯлоб, Шарифзода Б. – подполковники милитсия, ёрдамчии сардори КМРКД-и вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, Қурбонов С. – нозири калони ХПҲНҶ-и раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, лейтенанти калони милитсия, Муродов К. – сардори ХПҲНҶ –и ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, майори милитсия дар толори маҷлисгоҳи Донишкада.

- Омода намудани овезаҳо дар саҳни Донишкада, факултаҳо ва кафедраҳои Донишкада,

- Вохӯрӣ бо адибони шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон – асоси баланд шудани сатҳи зиндагии мардум».

- 23 сентябр соли 2017 вохӯрӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Кӯлоб оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» дар оилаҳо ва нақши занҳо дар иҷроиши Қонуни мазкур. Дар вохӯрӣ намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Кӯлоб бо омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон сӯҳбат гузаронида вазифаҳои мушахас гузоштанд. Дар навбати худ донишҷӯдутарони фаъоли Донишкада баромад намуда  ҳозиринро бовар кунониданд, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои дастгирӣ ва иҷроиши ин Қонун дареѓ намедоранд.

- Раёсати ДТМИК иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёнро дар ҳама чорабиниҳои шаҳрӣ оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» дар моҳи сентяр ва октябри соли 2017 таъмин намудааст.

- Комиссия доимамалӣ Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳар моҳ дар ҷаласаҳои раёсат ва Шурои олимони Донишкада оиди корҳои ба анҷом расида мувофиқи нақшаи кории худ ҳисобот пешниҳод менамояд.

Раёсати ДТМИК тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳам кору фаъолияти худро оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» дар сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ба анҷом расонад.