ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ» БА МУНОСИБАТИ 24 - НОЯБР РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 25.11.2023, 10:33:24     238


Санаи 23.11.2023  толори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб фазои идона дошт. Зеро санаи имрӯз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. 

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот, директори генералии Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб» доктори илмҳои филологӣ Асозода Ҳотам, олимону, профессорон, муовинони ректор, деканони факултет, мудирони кафедраҳо  омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. 

Чорабинии тантанавӣ бо садододани Суруди  миллӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. 

Сипас ректори Донишкада муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот баромад намуд иброз доштанд Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад. 

Дар 32 соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.

Баъд аз суханронии ректори Донишкада раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, директори генералии Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб» доктори илмҳои филологӣ Асозода Ҳотам, устодон Нозимов Талаб, Иброҳимов Грез дар ҳошияи қабули парчам ва мақоми он ибрози андеша намуда табрикоти самимии хешро ба Рӯзи Парчами давлатӣ ба ҳозирин расониданд. 

Тибқи барномаи тасдиқшудаи чорабинии мазкур донишҷӯи курси дуюм Сураёи Тоҳир дар мавзуи «Парчами давлатӣ ифтихори баланди мост» маърӯза намуданд. 

Баъд аз шунидани суханрониҳо барномаи рангини фарҳангии омода намудаи бахши фарҳангӣ Донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд.