ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Дар доираи сафари расми ба Ҷумҳурии Туркия ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро зиёрат намуданд.
Дар рафти зиёрат инчунин аз осорхонаи он, ки дар он китобҳои ӯ ва бархе аз либосу ашё ва ёронаш, аз ҷумла каҷкӯлу кулоҳҳои дарвешии онҳо низ ба намоиш гузошта шудаанд дидан намуданд.
Бояд ёдовар шавем, ки Оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, аз пур эҳтиромтарин шахсиятҳои таърихӣ дар ҷаҳон дар Қунияи қаламрави имрӯзаи Туркия ҷойгирифта аст. Ин шаҳр дар 260-километрии Анкара, пойтахти Туркия ҷойгир аст. Оромгоҳи Мавлоно дар Қуния дар майдони 18 ҳазор метри мураббаъ доман густардааст.
Он дар соли 1274 бо талоши яке аз шогирдонаш Ҳисомиддин сохта шудааст. Сохтмони ин бино дар аҳди султонҳои Усмонӣ ва дар умум қариб 700 сол идома ёфтааст. Дар соли 1927 бо як қарори вижаи ҳукумати Туркия оромгоҳи Мавлоно ба осорхона табдил дода шуд.
Қуния 1,3 миллион аҳолӣ дошта, баъд аз Истамбул, Анкара ва Измир чорумин шаҳри калони Туркия дониста мешавад.
Дар инҷо дар баробари зиёрати мазори Мавлоно ва ёрони ӯ, ҳамчунин дар ҳуҷраҳои алоҳида китобҳои ӯ ва бархе аз либосу ашёи ӯву ёронаш, аз ҷумла каҷкӯлу кулоҳҳои дарвешии онҳо низ ба намоиш гузошта шудаанд. Худи туркҳо Ҷалолиддини Балхиро бештар Мавлоно ном мебаранд ва ба шахси ӯ хеле эҳтиром доранд.
Бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоиёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шӯҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.