ТАЪСИСИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОҶИКӢ - ТУРКӢ
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат вобаста ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва рушди соҳаҳои саноат ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва доираи соҳибкорон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр дар шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия қарор доранд.
Дар доираи ин сафари кори раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот аз Донишгоҳи Каратайи шаҳри Қунияи Туркия боздид ба амал оварда бо роҳбарияти ин донишгоҳи бонуфуз мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар рафти мулоқот ҷиҳати омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат шартномаи ҳамкориро ҷиҳати таъсиси факултети муштараки тоҷикӣ - туркӣ дар фазои дустӣ ба имзо расониданд.
Ректори Донишкадаи технология ва менҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот аз ректори донишгоҳи мазкур даъват ба амал оварданд, ки аз Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дидан намоянд даъват бо хушнуди қабул гардид.