ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ ҶОВИДОН БОД

 26.05.2022, 09:31:24     940


Таҳти ҳамин ном тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 23- май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 21.05.2022 дар толори Донишкада бо иштироки директори Донишкада н.и.т., дотсент Шоев А.Н. мудири шуъбаи рушди иҷтимои МИҲД ш. Кӯлоб Ғафорзода Давлат муовинони директор, омӯзгорону донишҷӯён чорабини баргузор гардид.

Чорабиниро директори Донишкада муҳтарам Шоев Алмосшо Наботович ифтитоҳ бахшида ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сиёсати давлатии ҷавонон суханрони намуданд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ғафорзода Давлат ҷавононро аз номи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта директори Донишкада ва муовини директор оид ба тарбияро бо сипоснома барои дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон қадрдонӣ намуданд.

Дар рафти чорабини омӯзгорони ҷавон донишҷӯёни фаъол бо ифтихорномаи раёсати Донишкада қадрдони гардиданд.

Баъд аз фарҷоми қисмати тантанавии чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони ҷавон ва ҳофизи халқии Тоҷикистон Давламад Хол пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.