Оила асоси пешрафт

 16.05.2022, 17:16:24     783


Тибқи нақша - чорабиниҳои Донишкада бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила зери ҳамин унвон «Оила - асоси пешрафт ва устувории давлат аст» санаи 12.05.2022 мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он маърӯзаҳо ва саволу ҷавоб доир карда шуд.

Кори мизи мудавварро муовини директор оид ба тарбия оғоз бахшида иштирокдорони чорабиниро бо ҳозирин шинос намуда дар мавзӯи оила пешрафти имрӯзу фардои ҷомеа суханрони намуданд.

Мувофиқи барнома Нозимова Фаришта мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Оила - асоси пешрафт ва устувории давлат», Маҷидова Кенҷамо н.и.п., дотсент дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии марду зан кафолати оилаи солим», Саймуминзода Марям - мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Оила ниҳоди асосии ҷомеа», Шамсзода Зикриё сармутахассиси раёсати суди вилояти Хатлон дар мавзӯи «Сабабҳои омилҳои бекоршавии оилаҳои ҷавон», Валиева Саъбагул намояндаи ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб «Оила мақсади зиндагӣ», омӯзгор Ҷумаева Мушарафа дар мавзӯи «Оилаи солим - ҷомеаи солим» маърӯза намуданд. Донишҷӯён ба бароматкунандагон саволҳо дода ҷавобҳои мушахас гирифтанд.

Мизи мудаввар дар сатҳи баланд баргузор гардид.