МО БА ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ КИШВАР ОМОДАЕМ!
Санаи 06.05.2022 дар Донишкада вохӯрии хатмкунандагон бо директор Донишкада номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шоев А. Н. комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.Вохӯриро директори Донишкада оғоз бахшида дар баромади хеш қайд доштанд, ки барои насли наврас яке аз муҳимтарин обутоби ҳаёт ин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо љавонписарон шуҷоату мардонагӣ омeхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи виҷдонӣ ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер мебошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунанд аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад.
Тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ вазифаи танҳо афсарон нест. Дар ин кори муҳим бояд насли калонсол, падару модарон, мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.
Ман ҳамчун падар ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам.
Сипас комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб оид ба шароит ва имкониятҳои хизмат ёдовар гаштанд. Дар доираи чунин як вохӯрии судманд 40 - нафар хатмкунандагон бо хоҳиши худ ариза навишта ба сафи хизмати модару ватан раҳсипор шуданд.
Суратгузориш аз рафти гусели наваскарон ба хизмати Модар Ватан.