КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВИИ ДОНИШКАДАВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ОМӮЗГОР ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ» БАХШИДА БА 53-ЮМИН СОЛГАРДИ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРИИ УСТОДИ МУЪТАБАР ГУРЕЗ ИБРОҲИМОВ
-
Саҳми омӯзгор дар ташаккули насли ҷомеа хело арзишманд мебошад, ки инсонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ҷомеаи имрӯзаро мо ҳеҷ гоҳ бе омӯзгор тасаввур карда наметавонем, зеро омӯзгор мисли падар шогирдашро тарбия менамояд. Чунки фикри муаллим то ба ҳаде кулл дар тамоми афкори шогирдон асар дорад, ки ин асар якрӯзаву яксола не, якумрӣ аст.
Воқеан ҳам муаллим офтоб аст, ахтар аст, куҳ аст, замин аст. Ин муболиға нест. Ин ташбеҳ ва истораест, ки асоси воқеӣ дорад. Охир, муаллим чун офтоб нур дорад, агар офтоб олами ҳастиро равшанӣ диҳад, муаллим дунёи маърифат ва ақлу хиради инсониро нуру зиё мебахшад. Муаллим чун ахтарони само дар рӯйи замин зебоӣ ва дурахши ҳаётро ба вуҷуд оварда, онро ҷилодор менамояд. Зеро илму дониш, ақлу хирад ва ахлоқу одоби ҳамида дунёфаҳмӣ ва дурандешиаш ӯро хислати вазнинӣ дода аст.
Санаи 05.05.2022 бахшида ба фаъолияти 53 - солагии омӯзгории устоди муътабар Гурез Иброҳимов дар Донишкада конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Омӯзгор чароғи маърифат» бо иштироки олимон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Кори конференсияро директори Донишкада н.и.т. дотсент, Шоев Алмошо Наботович ифтитоҳ бахшида аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушду нумуи соҳаи маориф, фаъолият ва саҳми арзишманд гузоштани Гурез Иброҳимов дар таълиму тарбияи ҷавонон суханрони намуданд.
Дар кори конференсия Шоинов Ҳасан – саромӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан», Назаров Ҳотамшо н.и.п., дотсент муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба тарбия дар мавзӯи « Устоди ман», Шеравганзода Зулфия, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи «Олими нуқтасанҷ ва устоди меҳрубон», Ҷумаева Мушарафа магистранти бахши якум, ихтисоси 1-260102 (идораи давлатӣ ва ҳуқуқ) дар мавзӯи «Муаллим ба манзалати падар аст» маърӯзаҳо намуданд.
Дар кори конференсия шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, доктори илмҳои таърих, профессор Абдулло Маҳмуд, аълочии маориф ва илм, собиқадори меҳнат Нозимов Талабхуҷа, муовини директор оид ба таълим н.и.к. Раҷабов И. Садулоев Мадисо н.и.ф.,дотсент оид ба қадру манзалати устод, муаллим – чилчароғи хонаи дил, суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.
Суратгузориш аз рафти конференсия