ҲАМКОРИҲОИ ТАЪЛИМӢ БО ДОНИШГОҲОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Дар санаи 29.04.2022 вохӯрии директори Донишкада н.и.т., дотсент Шоев А.Н. донишҷӯён ва довталабон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии иктишофи геологӣ ба номи Серго Орҷоникидзеи Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯри Ректори Донишгоҳи давлатии иктишофӣ геологӣ Панов Юрий Педрович,Қурбонов Нуралӣ - Мушовири ректор, Стариков Никита Витальевич- ҷонишини котиби масъули комиссияи қабул донишгоҳи мазкур аз шароит ва имконияти таҳсил ва дастовардҳо суханрони намуданд.
Директори Донишкада Шоев А.Н. барои ҳамкориҳои судманд ва таҳсили довталабон ва донишҷӯён дар ин муассисаи таълимӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти вохӯри саволу ҷавоб аз тарафи довталабон ба роҳбарияти муассисаи мазкур сурат гирифт.