ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИИ ИНТЕРНЕТ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶАВОНОН

 16.05.2022, 16:32:25     532


Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад. Дар ҳамин доира ҷиҳати огаҳ сохтани ҷавонон аз сомонаҳои ифротии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ва аъзоёни он дар факултети муштараки тоҷикӣ - россиягӣ ва технологияҳои дурнамои илмиасос вохӯрии судманд бо донишҷӯён доир гардид.

Вохӯрии мазкур бо иштироки декани факултет Ҳакимов И., сардори шуъбаи тарбия Шарипов Р., сардори шуъбаи махсус таъминоти ҳуқуқи ва муқовимат бо коррупсия ва бегонапарастӣ Гулов Ҳасан, сарнозири шуъбаи махсус Шарипова Розия баргузор гардид.

Вохӯриро декани факултет Ҳакимов И. оғоз бахшида мақсади вохуриро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ доданд.

Сипас сардори шуъбаи тарбия Шарипов Р., сардори шуъбаи махсус дар мавзӯҳои ба вохӯрӣ бахшида шуда баромад намуданд.

27.04.2022