КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ ДАР СОЛИ 2021 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2022

 16.05.2022, 15:43:08     615


КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ ДАР СОЛИ 2021 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2022

БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР», 20 СОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, РИЁЗӢ ВА ДАҚИҚ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2040, СОЛҲОИ 2022-2026 «СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ» ВА ТАТБИҚИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030»

(22-27 АПРЕЛИ СОЛИ 2022)

Дар санаи 22.04.2022 тибқи нақша бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040, солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва татбиқи «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» конференсияи илмї – назариявии ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид:

Барномаи кори конференсия:

  • Шиносоӣ бо намоишгоҳи дастовардҳои омўзгорон ва донишҷўёни Донишкада;
  • Оғози кори конференсияи илмӣ – назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба ҷамъбасти корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар соли 2021;
  • Сухани ифтитоҳии ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шоев Алмосшо Наботович.
  • Маърўзаи илмӣ дар мавзӯи «Таълими низоми кредитӣ ва салоҳияти омўзгори мактаби олӣ» маърӯзачӣ н.и.п.,профессор Иброҳимов Г.
  • Маърўзаи илмӣ дар мавзӯи « Нақши илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар саноатикунонии мамлакат» маърўзачӣ н.и.ф-м, дотсент Ғафоров С.
  • Маърӯзаи илмӣ дар мавзўи «Рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба давлатҳои ҳамсоя кишвар» маърўзачӣ н.и.и. Ғуломов З.
  • Маърўзаи илмӣ дар мавзўи «Заминаҳои инкишофи салоҳияти коммуникативӣ дар раванди омўзиши забони хориҷӣ» маърўзачӣ Сайдалиева Гулбаҳор – саромўзгор.

Дар фарҷоми кори ифтитоҳии конференсия як қатор омўзгорони Донишкада барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, таёр намудани кадрҳои баландихтисос, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочи маориф ва илм», «Ифтихорнома»- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд:

  1. Раҷабов Исо - муовини директор оид ба таълим бо нишони «Аълочи маориф ва илм»;
  2. Юсупова Шаҳло – муовини директор оид ба тарбия бо нишони «Аълочи маориф ва илм»;
  3. Асоев Баҳодур – декани факултети иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ бо нишони «Аълочи маориф ва илм»;
  4. Кучаров Муҳамадамин – декани факултети муҳандисӣ– технологӣ бо нишони «Аълочи маориф ва илм»;
  5. Зоиров Саймаҳмуд – декани факултети муҳандисӣ – энергетикӣ бо «Ифтихорнома»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  6. Ҳакимов Искандар – декани факултети муштаракӣ– тоҷикӣ россиягӣ ва технологияҳои дурнамои илмиасос бо «Ифтихорнома»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  7. Наимов Умед – декани факултети интелекти сунъӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бо «Ифтихорнома»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  8. Шарипов Бегиҷон – мудири кафедраи барномасозӣ ва техникаи компютерӣ бо «Ифтихорнома»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  9. Ғаримадов Ғулом – мудири кафедраи математикаи олӣ бо «Ифтихорнома»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  10. Иброҳими Юсуф – сардори маркази тестӣ бо «Ифтихорнома»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  11. Сафаралии Бобохон – сардори маркази бақайдгирӣ ва таҳлили аналитикии донишҷўён бо «Ифтихорнома»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  12. Усмонов Фирдавс – сардори маркази ТИК бо «Ифтихорнома»- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кори конференсия аз санаи 22 то 27 апрели 2022 дар Донишкада идома меёбад.