«Корвони ҷавонӣ» бахшида ба «Соли ҷавонон»

 04.02.2017, 20:09:53     1344


Раёсати Донишкада бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Чумҳурии Тоҷикистон зимни сафараи мазкур омӯзгорону донишҷӯён аз корхонаҳои саноатии Ёвон – ҶДММ«Криолит» ва Данғара – «Ҷунтай» дидан намуданд.

Гурӯҳи донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ бо барномаи фарҳангии  омода намудаи худ консерти бошукуҳ дар ноҳияҳои номбурда доир намуданд.

Дар ноҳияи Данғара «Корвони ҷавонон»-ро бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара пешвоз гирифта консерти дӯстии байни ҷавонон ташкил намуданд.

«КОРВОНИ ҶАВОНӢ» БАХШИДА БА «СОЛИ ҶАВОНОН»

Дар ноҳияи Ёвон «Корвони ҷавонон»- ро бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бисёр хуш ва самимӣ пазируфтанд. Сипас омӯзгорону донишҷӯёни донишкада аз ЧДММ «Криолит»-и ноҳияи Ёвон дидан карданд.

Корҳои балоиҳагирии корхонаи муқтадири «Криолит» дар ҳудуди деҳоти Чоргул дар масоҳати 15,4 га соли 2008 шурӯъ шуда, сохтмони он соли 2010 аз тарафи Ширкати «СНМС»-и Ҷумҳурии мардумии Чин оғоз гардидааст.

«КОРВОНИ ҶАВОНӢ» БАХШИДА БА «СОЛИ ҶАВОНОН»

Мутобиқи лоиҳа корхона дар як сол иқтидори истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна фториди алюминий, 100 ҳазор тонна кислотаи сулфат ва 75 ҳазор тонна гаҷи сохтмонӣ дошта, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 500 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.

Донишҷӯёну устодони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ин сафарро иқдоми нек шумурда як ҷаҳон нерӯи тоза гирифтанд. Бояд қайд намуд, ки тибқи аз  корхонаҳои саноатӣ дидан кардан донишҷӯён як қатор маълумотҳои нав оиди корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолоти Тоҷикистон пайдо намуда ба худ хулосаҳои амиқу дақиқ бароварданд.