Конференсияи «Рӯзи байналмилалии оила»

 10.05.2017, 17:00:56     2516


Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст,зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфамиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбад».

Бо дарназардошти таъкидҳои доимии Пешвои миллат аз ҷониби факулетети “Иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ” санаи 11.05.2017 дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рўзи байналмилалии оила» дар мавзўи «Пойдории оила устуворӣ ва солимии ҷомеа» баргузор мегардад.

Аз рӯи барномаи конференсия дар он баромади донишҷӯён, магистрантҳо, устодону профессорони Донишкада ва меҳмонони фахрӣ ба нақша гирифта шудааст.