ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА СУРАЁИ ТОИРХОН ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ГАРДИД!

 23.11.2024, 14:00:51     11


23-юми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки соли шашум аст Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат доир гардид.

 

12123_1

Тавре таъкид карда шуд, натиҷаи озмун нишон дод, ки шаҳри Душанбе бо гирифтани 43 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 10 ҷойи якум, 15 ҷойи дуюм, 17 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи якум, вилояти Хатлон соҳиби 35 ҷой ( 1 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм), вилояти Суғд соҳиби 29 ҷой (5 ҷойи якум, 10 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 13 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 4 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соҳиби 10 ҷой (3 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм) гардид.

НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТОҶИК.

Дар ин номинатсия донишҷӯйи курси 2 ихтисоси 1-25010400 молия ва қарзи донишкада Сураёи Тоирхон иштироки фаъолона намуда сазовори ҷойи сеюм гардида бо диплом ва 20 000 сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуд.

1234

Раёсати донишкада, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ба ин дастоварди навбати СУРАЁИ ТОҲИРХОНРО табрику муборакбод гуфта бозҳам баҳрашон комёбию сарбаландӣ орзу менамоянд.