НАҚШИ МОНДАГОРИ ИҶЛОСИЯИ XVI – ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 14.11.2024, 15:30:27     51


Таҳти ҳамин ном дар толори Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси садорати факултети муҳандисӣ - технологӣ конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, муовинони ректор, мудирони кафедраҳо, роҳбарони раёсату марказҳо ва шуъбаҳо омӯзгорону донишҷӯён васоити ахбори омма иштирок намуданд.

раёсат

Чорабини бо садо додани суруди миллӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Сипас ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот суханрони намуда ҳозиринро ба Рӯзи Президент ва 32 – солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии тақдирсоз ҳозиринро табрик гуфта қайдоштанд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани хидматҳои таърихии ин абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди шоистаи давру замон, пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандона ва фарҳангсолоронаву инсонгароёнаи ин Пешвои асри XXI кафолати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшони мост.

Дар рафти чорабини инчунин Назарзода Пиралӣ – доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ дар мавзуи “16 – ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Боронова Рухшона номзади илмҳои таърих мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ дар мавзуи “Мақом ва нақши ниҳоди президентӣ дар таҳлили истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”, Раҷабов Санг – саромӯзгор, мудири кафедраи технологияи саноати сабук ва маводи хурока дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллӣ”, Ҳакимов Сорбон - донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1-480104 дар мавзуи “Аҳмияти таърихии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии тақдирсоз дар таҳкими давлатдорӣ” баромад ва андешаронӣ намуданд. Дар фарҷоми чорабини донишҷӯён порчаҳои шеърӣ қироат намуда ғолибони озмуни донишкадавии иншои беҳтарин дар мавзуи “Пешвои мо – ифтихори мо” бо ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

 

шоев4муминаискандаров