Совместимость студентов и преподавателей

 19.02.2018, 15:04:22     92


Бояд зикр намуд, ки дар доираи сафари хизматии Шоев А.Н. ба ФР (10.10.17 то 30.12.17) аз тамоми донишгоҳҳои ҳамкори Федератсияи Россия дидан намуда, бо вазъи таҳсили донишҷӯёни тоҷик аз наздик шинос гардид. Дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти донишгоҳҳои мазкури ФР  дар ҳар як донишгоҳ маҷлис барпо намуда, аз камбудиҳои ҷойдошта воқиф гардид. Илова намудан зарур аст, ки роҳбарияти донишгоҳҳо хоҳиш намуданд, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ эҳтироми хоса доштан ба Тоҷикистони азиз «Гӯшаи фарҳангии  донишҷӯёни тоҷик» таъсис дода шавад. Бо ин мақсад либосҳои миллии тоҷикӣ аз қабили куртаи чакан, куртаи Бадахшонӣ, ҷомаи зардӯзӣ ва як миқдор ашёҳои лозимиро ба ФР фиристодем.

Дар заминаи ҳамкориҳои судманд донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаҳои фаннӣ ва варзишӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.  Ба ин мисол шуда метавонад, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии техникии Брянски Федератсияи Россия Саидов Миразор, ки дар гуштини самбо ҷойи аввалро ишғол намуда, медали тилло гирифт.