ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ШОҲИЁН АЛМОСШО НАБОТ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА
Санаи 8 майи соли ҷорӣ ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот зимни сафари кории хеш дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода вохӯри намуданд.
Зимни вохӯрӣ ва суҳбати озод аз муносибатҳои дуҷонибаи самимонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки 18 апрели соли равон дар поитахти кишвари азизамон сурат гирифт ёдовар гадида гуфта шуд, ки Ӯзбекистони ҳамсоя шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон аст ва муносибатҳо бо он бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтиромӣ манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтааст.
Инчунин гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон робитаҳои бисёр қави доранд ва боварӣ дорем, ки кишварҳои моро ояндаи хуб дар пеш аст. Дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек таърихи дерина дошта, тули асрҳо такомул ёфтааст, шодию хурсандӣ ва дарду аламӣ онҳо муштарак буду ҳаст.