ХУШХАБАР

 06.05.2024, 10:18:51     333


ТАСДИҚИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК МУҲТАРАМ АСОЗОДА ҲОТАМ РАҶАБ!

Тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.04.2024, таҳти №112/ди ба Асозода Ҳотам Раҷаб дараҷаи илмии доктори илм аз рӯйи ихтисоси 10.01.01- Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки устод Асозода Ҳотам Раҷаб дар барорбари дигар масъулиятҳои ба душ доштааш дар рушду нумуи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб саҳми босазо ва ҳамкориҳои бисёр судманд дошта дар баробари ин узви фаъоли коллективи ҳайати олимону омӯзгорони ин даргоҳи илму маърифат то ба имрӯз мебошад.

Роҳбарият, омӯзгорону кормандони донишкада ифтихорманд аз он ҳастанд, ки дар коллектив бо чунин шахсияти донишману,соҳибмаърифату соҳибмактаб устод Асозода Ҳотам кору фаъолият менамоянд.

Ҳайати олимон, профессорон, омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ин дастоварди илмӣ ва руйдоди фараҳбахш АСОЗОДА ҲОТАМ РАҶАБ - ро самимона табрик гуфта дар кору пайкорашон барору мувафақият орзу менамоянд.