РИСОЛАТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

 22.04.2024, 15:55:51     248


Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашари ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Дар асоси нақша - чорабиниҳои донишкада оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат ба экстемизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солцои 2021-2025), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», қонуну барномаҳои соҳаи маориф  ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ» санаи 20.04.2024 дар факултети муштараки тоҷикӣ – россиягӣ ва технологияҳои дурнамои илмиасос вохӯри бо  волидайни донишҷӯён баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур ректори донишкада д.и.т., профессор Шоҳиён А.Н. муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Холматова М.М., декани факултет н.и.и Сафаров Зулфиқор, ҳуқуқшиноси донишкада Сайёдзода Ромин иштирок ва суханрони намуданд.

Ҷаласаро декани факултет н.и.и Сафаров Зулфиқор оғоз бахшида ҳайати роҳбариятро ба волидайни донишҷӯён шинос намуд сипас ректори донишкада д.и.т., профессор Шоҳиён А.Н. ба сухан баромада сараввал ба ҳамаи падару модарон барои ташрифи самимӣ ба вохӯрии имрӯза изҳори сипосу минадори баён намуда дар ҳошияи сиёсати созанда ва пешгирифтаи имрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат, рушди соҳаи маориф, вазъии сиёсии ҷаҳон, тарбияи дурусти фарзандон, имкониятҳои фароҳамовардаи донишкада баҳри таҳсили донишҷӯён, ҷалби фарзандон ба забономӯзӣ суханрони намуда дар идомаи баромади хеш чунин андеша ва даъват ба амал овард «Ҷавонон нерӯи бузурги зеҳниву ҷисмонии ҳар як миллату давлат буда, ояндаи ҳар як кишвар маҳз дар дасти онҳо қарор дорад. Дар оянда то ба кадом андоза дуруст соҳиби намудани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз тарафи ҷавонон, бо раванди таълиму тарбияи имрӯзаи онҳо аз тарафи падару модар, ҷомеа ва давлат вобаста  мебошад. Маҳз таълим ва тарбияи дурусти ҷавонон боиси ягонагӣ ва инкишови миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон мегардад».

Дар идомаи вохӯри муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Холматова М.М., декани факултет н.и.и Сафаров Зулфиқор, ҳуқуқшиноси донишкада Сайёдзода Ромин, муовини декан оид ба тарбия Шарипова Розия дар ҳошияи риояи ҳатмии тартиботи дохилии донишкада аз ҷониби донишҷӯён, одобу муошират, давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо, масъулият ва вазифаҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи барзиёди телефонҳои мобилӣ, дуруст истифода нагардидани сомонаҳои иҷтимоии интернет, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии фарзандон, сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, назорати ҳарӯзаи фарзандон дар раванди таълим, пешгирии ҷавонон аз ташкилотҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба ҳолатҳои коррупсионӣ, ҷалби фарзандон ба китобхонӣ ва забономӯзӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, эҳтироми падару модар ва  дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзанд мавриди бараси қарор дода шуд. 

Баъд аз барасии масъалаҳо падару модарон ибрози андеша намуда доир гаштани чунин ҷаласаро мувофиқ ва саривақти ҳисобида барои роҳбарият изҳори сипосу минатдорӣ баён намуданд.

шоев2

шоев3

щоев4