ХУШХАБАР!

 14.04.2024, 13:36:11     230


Санаи 13.04.2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-015 - и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳимояи рисолаи номзадии Саидзода Рамазон Абдураҳим унвонҷӯи кафедраи  технологияи дорусозӣ ва биохимияи тиббии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.

Саидзода Рамазон Абдураҳим рисолаи номзадии хешро  дар мавзуи «Маҳсулнокии навъҳои ояндадори лубиё вобаста аз усулҳои парвариш дар шароити минтақаи вилояти Хатлон» зери роҳбарии  доктори илмҳои биологӣ, профессор Мамадризохонов Акбар барои гирифтани унвони илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз руи ихтисоси 06.01.01 зироаткории умумӣ, растанипарварӣ бо муваффақият дифо намуд.

Ҳайати олимон, профессорон, омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ин дастоварди илмӣ Саидзода Рамазонро самимона табрик гуфта дар кори минбаъдаи илмиашон барору мувафақият орзу менамоянд.

rrrrr_1