РИСОЛАТИ МУҲИМИ  ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

 13.04.2024, 13:24:08     214


Масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли маориф, падару модар ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Зеро аз оғози зинаи аввали таҳсил таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия бояд ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Яъне, дар таълиму тарбия омӯзгор, падару модар ва муҳити ҷомеа масъулияти баробар доранд.

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дар доираи Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ» дар факултети муҳандиси- энергетикӣ ҷаласаи падару модарон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа и.в декани факултет Ҳинайнов Н., н.и.ф.м., дотсент Ғафоров Саттор, сардори раёсати тарбия Шарипов Р. М. намояндаи назорати сифати таҳсилот Одинаев Сафар, омӯзгорон Саидов Абдулло, Муродов Зафар, муовини декан оид ба тарбия Толибов Фурқат падару модарони донишҷӯён иштирок намуданд.

Кори ҷаласаро и.в декани факултет Ҳисайнов Нуриддин оғоз бахшида сараввал саломи самимии ректори донишкада д.и.т.профессор Шоҳиён Алмосшо Наботро ба ҳозирин расонида барои ташрифи самими ба падару модарон аз номи ректори донишкада изҳори сипас намуд. Сипас мақсаду мароми вохуриро шарҳ дода оид ба мувафақияту дастовард, шароит ва таҳсил дар донишкада суханрони намуд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин: риояи ҳатмии тартиботи дохилии донишкада аз ҷониби донишҷӯён, одобу муошират, давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо, масъулият ва вазифаҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи барзиёди телефонҳои мобилӣ, дуруст истифода нагардидани сомонаҳои иҷтимоии интернет, вазъи сиёсии ҷаҳон, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии фарзандон, сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, назорати ҳарузаи фарзандон дар раванди таълим, пешгирии ҷавонон аз ташкилотҳои экстремистию террористӣ, ҷалби фарзандон ба китобхонӣ ва забономӯзӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, эҳтироми падару модар ва  дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзанд мавриди бараси қарор дода шуд.

Баъд аз барасии масъалаҳо падару модарон ибрози андеша намуда доир гаштани чунин ҷаласаро мувофиқ ва саривақти ҳисобида даъват ба амал оварданд, ки моҳе як маротиба чунин ҷаласаҳо доир гарданду аз таҳсил ва рафтори фарзандони хеш огаҳи ёбанд. Ин пешниҳодҳо бо хушнуди ва якдилона қабул гардид.

9

10