«Тоҷикона мепӯшем»

 24.03.2024, 15:39:28     267


   Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардида, тамоюли пайваста касб менамояд. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, тарғибгари асосии фарҳангу тамаддуни беназири миллат, хусусан либоси миллӣ мебошанд.

    Президенти мамлакат дар Паёми шодбошӣ ба муносибаи Рӯзи Модар чунин таъкид намуданд: «Бовар дорам, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳанги бегона фаъолона саҳм мегузоранд».

    Бо мақсади дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, имрӯз бо иштироки сохторҳои марбутаи шаҳри Кӯлоб иқдоми  «Тоҷикона мепӯшем»-ро  дар шаҳри Кӯлоб ба роҳ монданд. Ҳадаф аз баргузории иқдоми  мазкур ин пеш аз ҳама  тарғиби либоси миллист, зеро вақте сухан аз сару либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо либоси хоссаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.

    Вақте ки зан-модари тоҷик дар ин фасли зебои баҳор куртаи атласу адрас ва чакан ба бар мекунад, ба зебоии баҳор боз як ҳусни дигар зам менамояд. Аз ин рӯ бояд зани тоҷик ҳамеша мисли баҳор бошад ва доимо анъанаҳои неки миллатро пос дорад.

Дар акс омӯзгорон кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

1

4_5

3_5