Мо ҷавонон терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем

 19.03.2018, 13:12:54     1820


КОНФЕРЕНСИЯИ

илмӣ-назариявӣ зери унвони «Мо ҷавонон терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем» роҷеъ ба иҷроиши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар факултети муштараки тоҷикӣ-россиягии Технологияҳои дурнамои илмиасос»-и 
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 15.03.2018, соати 1400 дар толори фарҳангии Донишкадаи Технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби садорати факултети муштараки тоҷикӣ-россиягии «Технологияҳои дурнамои илмиасос» конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Мо ҷавонон терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем» роҷеъ ба иҷроиши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 баргузор гардид.

Дар конференсия зиёда аз 150 нафар донишҷӯёни курси 1-ум ва омӯзгорону кормандони сохторҳои алоҳидаи факултет ва Донишкада иштироки фаъолона намуданд.

Пеш аз оғози конференсия декани факултети муштараки тоҷикӣ-россиягии «Технологияи дурнамои илмиасос» Нусратов Бахтиёр Исматуллоевич меҳмононро бо иштирокчиён шинос карда, ҳамин тавр кори конференсияро оғозшуда эълон намуд. Инчунин муовини декан оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти факултет Ҳасани Акрам Қуватзода барномаи конференсия ва тартиби баргузории онро ба самъи иштирокчиён расонид.

Баъди эълон гардидани тартиби баргузории конференсия аввалан муовинони директор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ Умарова Меҳринисо Саидовна ва оид ба илм ва инноватсия Шоев Алмосшо Наботович суханронӣ намуда, аз талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ, хусусан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуданд. Онҳо аҳли иштирокчиёни конференсияро барои ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ва ҷаҳон дар самти мазкур даъват намуда, бо ин роҳ диққати онҳоро бо мавзӯҳои баррасишавандаи конференсияи мазкур зиёдтар ҷалб намуданд.

Ҳамин тавр омӯзгорону донишҷӯёни донишкада бо маърӯзаҳои зерин дар конференсия баромад намуданд:

  1. Ёдоварӣ аз давраи гуфтушунидҳо ва бастани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидани Тоҷикистон ба фазои сулҳу оромӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сардори шуъбаи корҳои махсус ва мубориза бо бегонапарастии Донишкада – Гулов Ҳ.
  2. Маърӯза дар мавзӯи «Нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи терроризм ва экстремизм» – муовини декан оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ – Ҳасанова Ҷ.А.
  3. Маърӯза дар мавзӯи «Терроризм ва ифротгароӣ» – ассистенти кафедраи биотехнология ва коркарди гушту шир – Зулфиямоҳи Б.
  4. Маърӯза дар мавзӯи «Тафсири соддаи табиӣ, ҳуқуқии ҷиноятии экстремизм» – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010410, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада – Шарипов Р.
  5. Маърӯза дар мавзӯи «Сиёсати давлат дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм» – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-48020102, раиси созмони ҷавонони факултет – Олимов М.Ҳ.
  6. Маърӯза дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризм – мушкилот ва дурнамои мубориза бо онҳо» – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-48020102 – Носиров
  7. Маърӯза дар мавзӯи «Террорист, Ватан, дин ва мазҳаб надорад» – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-48020102 – Сангова М.

Инчунин барои пурратар аз худ намудани масъалаҳои пешниҳодгардидаи конференсия, огоҳ намудани иштиркчиён аз оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва натиҷаи амалҳои террористӣ-экстремистӣ, филмҳои мустанад намоиш дода шуданд.

Дар интиҳои конференсия декани факултет Нусратов Бахтиёр Исматуллоевич баромад намуда, миннатдории худро ба маърӯзачиён иброз намуд. Ҳамчунин бори дигар донишҷӯёну омӯзгоронро ба зиракии сиёсӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳимоят аз дастовардҳои истиқлолият, расму русуми миллии тоҷикон даъват намуда, бо ҳамин ба кори конференсия анҷом бахшид.

 

Таҳияи муовинони декан оид ба таълим ва тарбия  факултети

муштараки тоҷикӣ-россиягии «Технологияҳои дурнамои илмиасос»

ҲАСАНИ А.Қ., ҲАСАНОВА Ҷ.А.