ОБРАЗОВАТЕЛЬНОЕ МЕРОПРИЯТИЕ - ПАТРИОТИЗМ НА ТЕМУ «СЛУЖЕНИЕ РОДИНЕ ОТ СЕРДЦА И ДУШИ»
Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ санаи 19.02.2024 чорабинии маърифатӣ - ватандӯстӣ дар мавзуи «Артиш шоҳсутуни истиқлолияти миллӣ» баргузор шардид, ки дар он декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ н.и.и. Асоев Баҳодур, Шарипов Р. М. муовинони декан, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Декани факултет н.и.и. Асоев Баҳодур чорабиниро оғоз бахшида ҳозиринро ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки Ба қадри Модар - Ватан, муқаддасоти миллӣ истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда талош варзем.
Инчунин сардори раёсати тарбия Шарипов Р.М. мудири китобхона Идиев Изатулло дар ҳошияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.
Дар идомаи корӣ чорабини омӯзгорону донишҷӯён маърӯзаҳои илмӣ - ватандӯстӣ намуданд.
- Маърӯза дар мавзуи «Қувваҳои Мусаллаҳ - ифтихори миллат» - ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Раҳмонова Матлуба;
- Маърӯза дар мавзуи «Артиши миллӣ - ҳимоятгари марзу буми ватан» - донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1-98010101 Амнияти компютерӣ Рухшонаи Ҷумахон;
- Маърӯза дар мавзуи «31 - соли бурдбориҳо ва рушди Артиши миллӣ» - донишҷӯи курси 1 ихтисоси 1- 25010400 молия ва қарз Сафарзода Алишер;
Баъд аз шунидани маърӯзаҳо донишҷӯён дар васфи Ватан ва Тоҷикистон порчаҳои шеърӣ пешкашӣ ҳозирин гардониданд.