СООБЩЕНИЕ - НАЦИОНАЛЬНАЯ ПРАВИТЕЛЬСТВЕННАЯ ПРОГРАММА РАЗВИТИЯ
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб нақша - чорабиниҳо таҳия карда шуда дар байни донишҷӯён омӯзиши паём бароҳ монда шудааст.
Санаи 09.02.2023 дар басти якуми факултети муҳандисӣ - технологӣ вохӯри баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур декани факултет н.и.т. Кучаров Маҳмадамин, сардори раёсати тарбия Шарипов Р.М. саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Шоинов Ҳасан, мудири сектор оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти таҳсилкунанда Тураев Қубод, Одинаев Сафар сармутахасиси раёсати дуалии таҳсилот, донишҷӯёни басти якум иштирок намуданд.
Баромадкунандагон дар ҳошияи нишондодҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023, эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", нақши занон, ҷавонон, маориф, саноат ҳамкориҳои хориҷӣ, эҳтироми волидайн дар меҳвари паём суханронӣ намуда гуфта шуд, ки паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ - сиёсӣ роҳнамокунанда ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёби гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ ва рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ заминаи устувор мегузорад.