ҲАМКОРИҲО СУДМАНДИ ДУҶОНИБА БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

 16.02.2024, 12:08:08     237


Хотирнишон менамоем, ки афзои зудтайғирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маориф мунтазам, мустақим ва дар айни  замон ҷавобгӯ ба талаботи рузафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Паём 28 декабри 2024 Эмомалӣ Раҳмон

Зимни сафари кори ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот дар Федератсияи Россия бо директори проблемаҳои тиббию биологии Академияи илмҳои Россия Орлов. О.И мулоқот судманд анҷом доданд.

Дар мулоқот, самтҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба миёни донишгоҳҳо, истифодаи фанновариҳои муосир дар таҳияи тарҳҳои муштарак, ширкат дар чорабиниҳои маърифатии ҳарду ҷониб ва ҳамчунин омода кардани ғизо барои кайҳоннавардон баррасӣ карда шуданд.

Ҷониби Россия омодагии худро барои омода кардани мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, тиб ва зеҳни сунъӣ изҳор дошт.

Дар доираи чунин ҳамкориҳо  омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ ва лаёқатманд ки барои соҳаи хоҷагии халқи мо заруранд яке аз вазифаҳои авалиндараҷа ба шумор меравад.