ХОНИШИ СИЁСӢ: ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

 09.02.2024, 11:20:22     245


Санаи 06.02.2024 тибқи нақша чорабиниҳои донишкада бо мақсади барасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ» дар байни донишҷӯёни бахши якуми факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ муовини ректор оид ба илм ва татбиқот номзади илмҳои таърих Исоев Собир, декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Асоев Баҳодур, омӯзгорони дарсдиҳанда иштирок намуданд. 

Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Исоев Собир баромад намуда нуқтаҳои муҳими паёмро мавриди бараси қарор дода зимни баромад қайд доштанд, ки меҳвар ва муҳтавои ҳама паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро азми қавӣ, нияти нек, роҳ ба суи фардои дурахшон, созандагию ободонӣ ва таҳрик баҳри рушди тамоми соҳаҳо ташкил медиҳанд. Пешвои маҳбуби миллат дар паёмҳои ироданамудаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар тамоми самту соҳаҳои давлатдорию хоҷагии халқро таҳлили амиқу васеъ намуда, роҳҳои беҳтар намудан ва иҷроиши босифати корҳоро ба ҷомеаи кишвар пешниҳод менамояд. 

Дар фарҷоми вохурӣ декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ н.и.и. Асоев Баҳодур баромад намуда зикр доштанд, ки мо омӯзгорон ҳар як нуқтаи паёмҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба маориф зиёд заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар медиҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар мекунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода мебарем.