КУРСИ ОМӮЗИШИИ «ЗАБОНИ АНГЛИСӢ»

 22.01.2024, 08:50:30     285


Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола, ки 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои муҳимтарин ва афзалиятнок дар сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёби карда, ба омӯзиши забони хориҷӣ бори дигар диққати ҷиддӣ дода хотирнишон намуданд, ки ҳар як ҷавони тоҷик бояд ҳадди ақал ду забони хориҷиро мисли забони модариаш хуб донад. Бахусус омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ дар пешрафти илму инноватсия ва техникаву технология дар замони ҷаҳонишавӣ бениҳоят заруру ҳатмӣ мебошад. 

Бо мақсади иҷрои Паём ва Барномаи давлати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар донишкада нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуда курсҳои омӯзишии «Забони русӣ», «Забони англисӣ», «Технологияи иттилоотӣ» дар байни омӯзгорону кормандон роҳандози карда шуда бо ҷалби васеъи коллективи меҳнатӣ ҳама рӯза идома дорад. 

Баъд аз хатми курси омӯзиши мазкур шунавандагон соҳиби сертификат мегарданд.