ХУШХАБАР!!!

 20.01.2024, 08:18:18     260


Санаи 13.01.2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-012 - и назди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии Шарипова Дилором Мусафоқуловна унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид. 

Шарипова Дилором Мусафоқкловна рисолаи номзадии хешро дар мавзуи "Такмили низоми танзими давлатии хизматрасони маиши ба аҳолӣ дар мисоли вилояти Хатлон" зери роҳбарии  доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Раҷаб Кучакович барои гирифтани унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз руи ихтисоси 08.00.05 - иқтисодиёти соҳаи хизматрасонӣ  (08.00.05.01 савдо хизматрасонии тиҷоратӣ маишӣ) бо муваффақият дифо намуд.

Ҳайати олимон, профессорон, омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ин дастоварди илмӣ муаллима Шарипова Дилоромро самимона табрик гуфта дар кори минбаъдаи илмиашон барору мувафақият орзу менамоянд.