Укладка фундамента
Гузоштани санги асоси сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Дар рӯзи сеюми сафари корӣ (05.10.2016) ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои маъмурию таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расман оғоз бахшиданд.
Шаҳраки маъмурию таълимӣ ва истиқоматии ДТМИК бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Дар айни замон лоиҳаи ангоравии иншооти мазкур тасдиқ шуда, соли 2017 барои сохтмони бинои маъмурию таълимии 11 ошёна, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 13 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи дурнамо дар биноҳои нав барои ба таълим фаро гирифтани донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, ҳамчунин хобгоҳи дорои шароити муосир бунёд мегардад, ки барои 600 нафар пешбинӣ шудааст. Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ин мавзеъ ҳамчунин бинои истиқоматии 9-ошёна барои омӯзгорон, толорҳои бузурги маҷлис ва варзишӣ, боғ ва майдонҳои истироҳатию бозиҳои гуногуни варзишӣ сохта мешавад.
Хотиррасон бояд кард, ки Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи дурнамои тараққиёти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми октябри соли 2003 таъсис дода шуда, муассиссаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи саноат ва технологияҳои муосири соҳавӣ мебошад. Ҳоло дар донишкада дар 5 факулта аз рӯйи 35 ихтисос 2015 донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар сохтори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимӣ барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа амал намуда дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин дар тобеияти худ як литсейи инноватсионӣ дорад.