Факультеты / Муҳандисӣ – технологӣ


kucharov_m_s 

Кучаров Маҳмадамин Сатторович

Декани факултети муҳандисӣ – технологӣ

 

Факултети муҳандисӣ – технологӣ ҷузъи таркибии Донишкадаи технология ва менеҷменти иннвоастсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, тибқи фармоиши директори ДТМИК ва қарори Шӯрои олимони ДТМИК таҳти №1, аз 30.08.2016 ташкил карда шудааст.

Ҳайати олимону омузгорон ва созмонҳои ҷамъиятии факултети муҳандисӣ – технологӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стратегия, барнома ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои  вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушавараи  Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармоишҳои директори Донишкадаи технология ва менеҷменти иннвоастсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, қарорҳои Шӯрои олимонро сармашқи кори худ қарор дода, дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодааст.

Факултети муҳандисӣ – технологӣ ҳамчун маҳзани илму дониш дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос вобаста ба самтҳои гуногуни техника ва технология нақши босазо дорад.

Айни замон дар факулта 37 нафар омӯзгорон (профессорон, докторони илм, дотсентон, номзадҳои илм, муаллимони калон ва ассистентон) дар доираи ду кафедра: технологияи маводи хурока ва технологияи саноати сабук ва дизайн фаъолият менамоянд. Дар доираи фаъолияти кории факулта ҷаласаҳои садорати факулта, Шӯрои олимон ва Шӯрои илмӣ - методӣ амал менамоянд, ки пайваста масъалаҳоро дар бахшҳои гуногуни корҳои таълимӣ, илмӣ - тадқиқотӣ ва илмӣ - методӣ, тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар факултет синфхонаҳои муҷаҳаз бо технологияҳои инноватсионии муосир мавҷуд аст, аз ҷумла 1 - адад синфхонаи бо тахтаи электронӣ ва проектор ҷиҳозонидашуда, 1 – синфхонаи компютерӣ бо –20 адад компютер ва  синфхонаҳои фаннӣ. Омӯзгорони факулта машғулиятҳои назариявӣ ва амалии худро бо истифода аз технологияҳои муосир ва воситаҳои аёнӣ дар ин синфхонаҳо ба роҳ монда, бо истифода аз шабакаи Интернет маълумотҳои заруриро вобаста ба фанҳои таълимӣ ва бо истифода аз усулҳои фаъолгардонии таълим  ба донишҷӯён пешниҳод менамоянд. Инчунин дар кафедраҳои факултет адабиётҳои илмӣ, дастурҳои илмӣ – методӣ, дастур ва воситаҳои таълимӣ, маҷаллаҳои илмӣ ва дигар маводҳои илмӣ мавҷуданд, ки омӯзгорон аз онҳо барои таҳияи бонки лексияҳо, таълифи мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмӣ ва донишҷӯён барои омода намудани КМД ва КМРУ истифода менамоянд.

Дар самти таълиму тарбия ва илм факултети муҳандисӣ – технологӣ робитаҳои судманди илмӣ ва робитаро бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба роҳ монда, бо мақсади рушди касбӣ ва донишу малакаи донишҷӯён ҳамкориҳои муфидро бо корхонаҳои саноатии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб роҳандозӣ месозад.

Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр менамояд:

Факултет аз рӯи ду зинаи таҳсилот: бакалавриат (рӯзона, фосилавӣ) ва магистратура мутахассисони соҳаи техника ва технологияро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

  1. 1-19010105 - Дизайн (костюм ва газворҳо);
  2. 1-500101 - Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бе тору пуд;
  3. 1-740206 - Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ;
  4. 1-500102 - Таркиб ва технологияи маҳсулоти дузандагӣ;
  5. 1-0801011101 - Таълимоти касбӣ (саноати сабук);
  6. 1-49010201 - Технологияи гушт ва маҳсулоти гуштӣ;
  7. 1-49010202 - Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ;
  8. 1-50010104 - Технологияи матоъҳо.

Ҳадафҳои асосии факулта дар соли нави таҳсили 2022-2023 аз инҳо иборат мебошад:

  • Ҷустуҷӯ ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои омӯзгорони дорои дараҷаи унвон ва дараҷаи илмидошта дар факулта;
  • Таъмини фаъолнокии иштироки омӯзгорон дар конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дар ин замина зиёд кардани нашри мақолаҳои илмию монографияҳо;
  • Ташкил ва баргузории семинар-машваратҳои илмию методӣ баҳри баланд бардоштани маҳорату малакаи кории омӯзгорон;
  • Мукаммалсозии механизми ҳамкориҳои факулта бо корхонаҳои саноатӣ ва дар қаринаи он беҳтарсозии кори таҷрибаомӯзии донишҷӯён;
  • Бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ беҳтар кардани кори маҳфилҳои фаннии кафедраҳо аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол ва дар ин замина тайёр намудани иштирокчиёни олимпиядаҳои ҷумҳуриявӣ;
  • Таъмини иҷрои сифатноки нақшаҳои кории кураторон ва нақшаҳои фардии омӯзгорони факулта;
  • Тартиби дурусти риояи навбатдории омӯзгорон дар бинои таълимии факулта.

Факултет бо як қатор корхонаҳои саноатии шаҳр ва минтақаи Кӯлоб шартномаи ҳамкории дутарафа баста, машғулиятҳои амалӣ, корҳои озмоишӣ ва таҷрибаомӯзиҳо дар корхонаҳо гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди касбияти донишҷӯён, пайвасти илм бо истеҳсолот дар назди корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб филиалҳои кафедраи тахассусии факултет ташкил карда шудааст, ки машғулиятҳои амалӣ, озмоишӣ пайваста дар онҷо гузаронида мешавад.

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТ:

Кучаров Маҳмадамин Сатторович

Декани факултети муҳандисӣ – технологӣ

Ихтисос: химик.

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ

Унвони илмӣ: и.в. дотсент

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ.

Фазои илмӣ:

Ганҷалов Рамазон Маҳмадович

ҷонишини декан оид ба таълим факултети муҳандисӣ – технологӣ

Ихтисос:

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илмӣ: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат.

Фазои илмӣ: 

Тошмуродова Рухшона Боймуродовна

ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети муҳандисӣ – технологӣ

Ихтисос:

Дараҷаи илмӣ: надорад.

Унвони илмӣ: надорад.

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат.

Фазои илмӣ: 

 


Факультеты